Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб».

Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» 7 – сентябри соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 412 ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ аз 19 – уми декабри соли 2006 дар арафаи ҷашни 2700 – солагии Кӯлоб дар заминаи Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ бо тобеияти се осорхона – Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хона – музейи ба номи шоир ва ҳофизи халқ Саидалӣ Вализода ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700 – солагии Кӯлоб ба фаъолият оғоз намуд
Осорхонаи 2700 солагии Кӯлоб иборат аз шуъбаҳои Таърих ва археология, Этнография (мардумшиносӣ), Кӯлоби замони Истиқлолият, Табиати кишвар, Шуҳрати ҷангӣ, Санъати тасвирӣ ва амалӣ ва толори мадхал (Фоэ) иборат мебошад. Фонди умумии нигораҳои осорхона 14277 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 4561 то дар намоиш 9716 нигораи дигар дар фонд маҳфуз мебошад.
Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ аз шӯбаҳои Пирони кӯҳистони Хатлон, Ганҷинаи ҳазрати Амирҷон, Аз таърихи сохтмони мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шуҳрати ҷаҳонии Алии Ҳамадонӣ иборат мебошад. Фонди умумии нигораҳои осорхона 1302 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 508 то дар намоиш 794 нигораи дигар дар фонд маҳфуз мебошад.
Дар шафати Осорхонаи мазкур Мақбараи адиб ва файласуфи машҳур Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, санги сипоснома, сағонаи шахси номаълум ва боқимондаҳои хумдони мутааллиқ ба даврони Ҳахоманишиҳо (асрҳои 7-6 пеш аз мелод) ҷой доранд.
Дар ошёнаи якуми осорхона китобхонаи Амири Кабир мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 5000 китоб бо ҳуруфи ниёгон ва кирилӣ ки аз бахшҳои адабиётшиносӣ, ҷомеъашиносӣ, луғатнигорӣ, риёзӣ, ҷуғрофиё, нигоҳдорӣ мешавад.
Хона-музейи шоир ва ҳофизи халқ С Вализода аз чаҳор бахш иборат аст. Фонди умумии нигораҳои осорхона 2208 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 427 то дар намоиш 1781 нигораи дигар дар фонд маҳфуз мебошад.
Ҷамъ дар фонди Муассиса алҳол беш аз 18 000 нигора мавҷуд мебошад. Ҳамасола тавассути харидорӣ намудан, ҷаъоварии кормандон ва туҳфаи шаҳрвандон фонди нигораҳои осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ афзун мегардад.
Дар Муассиса тибқи нишондоди ҷадвали корбаст 53 нафар аз ҳисоби бюжет ва бинобар зарурати истеҳсолӣ ва нарасидани воҳидҳои корӣ 2-нафар аз ҳисоби суратҳисоби махсус фаъолият доранд.
Ҳамасола баҳри нигоҳдошт ва фаъолияти Муассисаи давлатии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои муайян ҷудо мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки хариди нигораҳо дар Муассиса тавассути комиссияи хариди фонд, ки аз ҳисоби шахсони соҳибтахассус бо фармони вазири фарҳанг таъсис дода шудааст, сурат мегирад. Комиссияи хариди Муҷтамаъ ҳар моҳ ё ҳар семоҳа як маротиб ҷамъ омада, нигораҳои аз тарафи шаҳрвандон пешниҳод гардидаро нархгузорӣ менамоянд. Баъди харидорӣ ё туҳфа шудани нигора санади махсус тардиб дода шуда, нигораҳои ба фонд воридгардида ба шуъбаҳои осорхона аз рӯйи мазмун ва мансубияти давраҳо тақсимбандӣ мешаванд. Ба ҳар як нигораи ба фонд ворид гардида шиноснома ва ба нигораҳои аз лиҳози таърихӣ ё фарҳангӣ қимматдошта хулосаи ташхисӣ навишта мешавад.
Аз рӯзҳои аввали таъсис то имрӯз дар Муассиса Шӯрои илмӣ амал менамояд. Аъзоёни Шӯрои илмӣ аз тарафи маъмурияти Муҷтамаъ пешниҳод гардида, бо фармони вазири фарҳанг тасдиқ мегарданд. Тибқи нишондоди дастурамали хизматии Муассиса ҳар як корманди илмӣ дар давоми сол на камтар аз як ҷузъи чопӣ, ки 16-19 саҳифаи компютериро ташкил медиҳад, кори илмӣ навишта мазмуну муҳтавои онро дар шӯрои илмӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Яке аз самтҳои дигари Муассиса ташкил ва гузаронидани намоищҳои осорхонавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад. Осорхонаҳои шомили Муҷтамаъ дар тӯли фаъолияташон дар намоишҳои бузурги шаҳрҳои Москва, Корея, Хитой ширкат варзида сазовори диплому сертификат ва ҷойҳои намоён гардидааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top