Корҳои ҳафриётӣ дар қисмати ҷанубу шарқии Қалъаи Муъминобод

Экспедитсияи омӯзишию бостоншиносӣ аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ИҶОЗАТИ №*0008*-и Варақаи кушоди Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1-01/99 аз 03.12.2024.  “Корҳои пажӯҳишӣ ва ковишҳои бостоншиносиро дар ҳудуди ёдгории Қалъаи Муъминобод ва Фармоиши директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №15 аз санаи 03.12. 2024   пажӯҳиш ва ковишҳои бостоншиносӣ  дар ҳудуди ёдгории бостонии Қалъаи Муъминобод ба роҳ монда шуд.  Экспедитсияи омӯзишӣ дар ҳайати Ҷобирзода З.Э. – сармутахассиси раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникии  Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари гурӯҳ), Раҷабзода Ҳ.А. – сармутахассиси раёсати назорат ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Агентӣ ва Раҷабов А. мудири шуъбаи бостоншиносии МД Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор аз санаи 03.12.2024 то санаи 0812.2024 дар ёдгории Қалъаи Муъминободи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташкил карда шуд.

     Қалъаи Муъминобод, дар маркази ноҳия, дар соҳили чапи сойи беном воқеъ мебошад. Баландии теппа росткунҷаи ҳамвор буда, дар қисми ғарбии қалъа дар манзараи замин фақат як теппачаи даврамонанди начандон баланди якметра ба назар мерасад. Баландии умумии қалъа дар канори ҷанубу ғарбӣ 6 метр, дар канори шимолу шарқӣ 15-16м. мебошад. Масоҳати қалъа1656 метри мураббаро (36х46м.) ташкил медиҳад.

     Корҳои ҳафриётӣ дар девори қисмати ҷанубу шарқии Қалъаи Муъминобод дар  дарозии 7.2 метр умқи 2 метр гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар гузаштаи начандон дур макони болозикр ба партовгоҳ табдил дода шудааст. Ҳангоми ковиш дар умқи 2 метр  сӯзандору, гулмехи металӣ, шишаҳои доруи пенсилин бозёфт шуданд. Дар масофаи 1м. дуртар аз бурҷи шарқии  девори Қалъа 16 адад хишти асримиёнагӣ бо андозаи 26см.x26см.x4см чор қатор болоиҳамчидашуда, намоён гардид. Байни хиштҳои болоиҳамчидашуда маҳлуле вуҷуд надошт. Аз ин бармеояд, ки хиштҳо ҳангоми барқарор кардани таҳкурсии бурҷи қисмати шарқии девор баромадаст. Ҳангоми омӯзиш   дар масофаи 3.75м ва умқи 22 см  3 адад хиштҳои сабуки гаҷии замонавӣ ( пеноблок) бозёфт шуда,  аз умқи 1.8м.  3 қабат хокистари сӯхтаи партовҳо ошкор гардид. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар замони шӯравӣ ва замони аввали соҳибистиқлолӣ мардуми маҳаллӣ ин маконро ба партовгоҳ табдил додаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top