Корҳои ҳафриётӣ дар девори мудофиавии қисмати  шарқии Қалъаи Муъминобод

Корҳои ҳафриётӣ дар масофаи 25 метрии девори қисмати  шарқии Қалъаи Муъминобод дар  дарозии 8 метр ва умқи 4.2 метр гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар гузаштаи начандон дур аз қисмати шарқии Қалъа барои обпартоӣ заҳбур воқеъ будааст. Аз умқи 3.25 метр поён  лойи сиёҳ (сиёҳчал) ошкор шуд, ки дар нақшаи буриш ва аксҳои гирифташуда пурра намоён аст. Аз девори қисмати ғарбии ҳафриёт хиштҳои паҳну парешон аз иншоотҳои болои қалъа рехта ошкор гардиданд. Ҳангоми ҳафриёт решаҳои дарахти бед намоён шуд, ки дар гӯзашта атрофи заҳбур дарахт шинонида шудааст.

 Гурӯҳи корӣ иборат аз 8 нафар ба муҳлати 5 рӯз дар корҳои омӯзишии Қалъаи Муъминобод иштирок намуданд

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top