
Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ маҳз дар ин қитъаи замин, ки ҳоло мақбараи бузургвор аст, Алии Ҳамадониро ба хок супориданд? Соли 1993, рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 680-умин солгарди таваллуди мутафаккир бо ибтикори ду нафар бостоншиносони машҳур ва заҳматкаш – Самойлик П.Т. ва Азизов М.Д. барои бардоштани пардаи асрори нуҳуфтаи оромгоҳ ва гирду атрофи он, инчунин қисмати маркази имрӯзаи шаҳри бостонии Кӯлоб ба ҳафриёт камари ҳиммат бастанд. Он замон дар гирду атрофи шаҳр ва қисмати дохилию саҳни ҳавлии оромгоҳи Алии Ҳамадонӣ беш аз 25-30 шурф (ҳафриёти махсуси ҷустуҷӯйӣ) ба умқи 1,5-2 м канда шуд. Хушбахтона, ковиш ва пажӯҳиш натиҷа дод, ки бисёр бозёфтҳои нодири таърихӣ ошкор ва дастраси бостоншиносон гардад. Аз ҷумла, танӯр ё хумдони сафолпазӣ (мутааллиқи асрҳои VII-VI-и пеш аз мелод), ки аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб шаҳодат медод, боқимондаҳои мақбараи шахси номаълум (асрҳои XVII-XVIII), инчунин сафолпораҳои аз даврони салтанати Ҳахоманишиниҳо то асри X-и мелодӣ пайдо шуданд. Ва кашфиёти дигаре, ки бостоншиносон ифшо намуданд, ин буд, ки мавзеи мазкур аз асрҳои ХI то солҳои 50-уми асри ХХ ҳамчун гуристони шаҳр истифода мешудааст.
Ҳангоми зиёрати мақбара ва ё мусоҳиб шудан бо зоирон саволҳои гуногун пайдо мешаванд. Ҳар кас баробари гӯш андохтан ба сухани роҳбалад ҳамчунин аз хонда ва ё шунидаҳояш чизе иброз медорад. Вале аксари уламои муҳаққиқ, хосса бостоншиносон сари ин ақидаанд, ки мақбара дар асри XV аз хишти дар ҳамин макон пухташуда бо саъй ва дасгирии фарзанди арҷманди бузургвор Сайид Муҳаммад ва муридони содиқаш сохта шудааст.[1] Дуруст аст, ки мақбарае, ки айни замон пеши назари тамошобин намоён аст, на якуякбора, балки дар муддати чандин солҳо, шояд асрҳо ин шакли мукаммалро гирифтааст. Ин ақида аз тарафи бостоншиносон С.Хмелнитский, П.Т.Самойлик, И.С.Грудин, А.Макуха ва М.Азизов пешниҳод ва дастгирӣ ёфтааст.
Бояд хотиррасон намуд, ки бостоншинос М.Азизов, ки солҳои зиёд ба сифати сарвари Осорхонаи таъриху кишваршиносии назди оромгоҳ адои вазифа мекард, ҳамроҳи П.Т.Самойлик оиди мақбараи бузургвор ва таърихи сохтмони он, дар атрофи оромгоҳ ковишҳои зиёди бостоншиносӣ гузарониданд. Хулосаи нахустини онҳо аз ин иборат буд, ки мақбараи ин олими шаҳир дар ҷойи қадима ва қабристони қадимаи шаҳри бостонии Кӯлоб қомат афрохтааст. М.Азизов баъдтар натиҷаи тадқиқоти чандсолаи худро оиди бозёфтҳои гирду атрофи мақбара дар мақолаи ҷудогона манзури хонандагон гардонид.[2]
Бинобар ақидаи уламои бостоншинос ба хулосае омадан мумкин аст, ки 2600-2700 сол муқаддам дар маконе, ки мақбара бино ёфтааст, шаҳрчаи ҳунармандон арзи ҳастӣ доштааст. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бостоншиносон дар гирду атрофи мақбара ковишҳои зиёди археологӣ гузаронида, ба натиҷаҳои назаррас муваффақ шуданд. Дар он давра дар ин макон чуқуриҳои (шурфҳо) зиёди 2-3 метра канда шуда, сафолпораҳои гуногун, хишту устухони ҷасади одамон, хурмачаҳои ҳархела, зарфҳои хурди ороишӣ, косаҳои оддӣ ва шоҳкосаҳо ва боз чандин бозёфтҳои нодир дастрас шуд, ки қимати баланди таърихӣ доранд. Бостоншиносони ҷумҳурӣ ва хориҷа баъди ташхиси ин нигораҳо ба хулосае омаданд, ки шаҳри Кӯлоб дорои таърихи қадима аст, қариб се ҳазор сол пеш дар ин гӯшаи Тоҷикистон одамони соҳибмаърифат, ҳунармандони ба дараҷаи баланд камолёфта сукунат доштанд. Нигораҳои ёфташуда муддати тӯлонӣ мавриди омӯзиши бостоншиносони дохил ва хориҷи кишвар қарор гирифтанд. Дар натиҷа уламои бостоншинос ба хулосае омаданд, ки воқеан шаҳри бостонии Кӯлоб таърихи беш аз 2700-сола дорад. Баъдтар, соли 2007 бо қарори ЮНЕСКО 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки меҳмонони Шарқу Ғарб ботантана ҷашн гирифта шуд.
Пас, ба хулосае омадан мумкин аст, ки мақбараи бузургвор на дар макони тасодуфӣ, балки дар яке аз ҷойҳои муқаддаси шаҳри Кӯлоб бино ёфтааст. Мувофиқ ба ақидаи бостоншиносон мақбараи нахустин аз чӯбу гил сохта шуда, баъдтар бо саъй ва талошҳои фарзанди бузургвор Сайид Муҳаммад ва муридону ихлосмандони аллома мақбараи оддии хоксоронаи сепештоқа ба андозаи 4,9 × 4,9 сохта мешавад. Дар қисмати ҷануби ғарбӣ даромадгоҳи зоирон қарор гирифта, ҳамчунин вазифаи ибодатгоҳро низ иҷро мекард. Воқеан, зиёратгоҳи қариб ҳама мақбараҳои ашхоси табарруки Машриқзамин аз тарафи ҷануб-қибла сохта мешуданд. Мувофиқи одоби зиёрати аҳли қубур зоир ҳангоми ба ҷо овардани ин маросим дар муқобили рӯй ва синаи майт истода росто дуою дуруд мехонад.
Баъди вафоти писари бузургвор Сайид Муҳаммад (1374-1450) дар шафати қабри падараш аз тарафи шимол ба хок дафн карда шуд ва муридону ихлосмандонаш барои ӯ низ мақбараи хоксоронае ба андозаи мақбараи қиблагоҳаш месозанд. Дар паҳлуи мақбараи Сайид Муҳаммад утоқи хурде бо пештоқаш сохта шуда, дар он шаш адад қабри авлодони Сайид Муҳаммад Алии Ҳамадонӣ ҷойгир шудаанд. Бостоншиносон тахмин мекунанд, ки даромадгоҳи ҳозираи мақбара бо пештоқаш тақрибан дар асри XVII сохта шудааст.
Завҷа ва духтари Алии Ҳамадонӣ Офтоби Тобон ва Моҳи Хуросон дар пештоқ даромадгоҳи тарафи шарқу ҷануби мақбара дафн карда шудаанд. Баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла Муҳаммад Риёз завҷаи алломаро Офтоби Пинҳон ва хоҳари Алии Ҳамадониро бо номи Сайидамоҳи Хуросонӣ ёдоварӣ мекунад.[3]
Аз тарафи рости пештоқ ду қабри ашхоси номаълум ба назар мерасад. Дар баъзе ишораҳои ҷудогона тахмин мекунанд, ки гӯё онҳо муридон ва ашхоси наздики хонадони ҳамадониҳо бошанд. Дар баъзе нақлу ривоятҳо ва сарчашмаҳо ишора меравад, ки яке аз ду қабри номаълум ба Шайхи Толиқонӣ мансуб аст. Ин ишораҳо як андоза асоси воқеӣ доранд. Зеро, воқеан, аз Толиқони Афғонистон Сайид Муҳаммад ном ҷавони соҳибтақвою ниҳоят парҳезкор солҳои зиёд дар хизмати Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст.
Бинобар тақвои баланд доштанаш байни муридон лақаби «Шайхӣ»-ро сазовор шудааст. Аксари муҳаққиқон ҳангоми зикри муридони бузургвор номи Шайх Сайид Муҳаммади Толиқониро ёдоварӣ менамоянд. Ҳамчунин таъкид мекунанд, ки ӯ солҳои зиёд ба устодаш содиқона хизмат карда, дар Хатлон аз дунё гузаштааст. Қабри дуюм низ шояд ба яке аз муридони содиқи бузургвор мутааллиқ бошад. Хуллас, дар мақбараи Ҳазрати Амирҷон ҳамагӣ 12 қабр мавҷуд аст.
Аз хешу табор ва пайвандони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ду нафар— писарамакаш Мир Сайид Ҳусайни Симнонӣ ва Мир Сайид Тоҷиддини Симнонӣ аз сафарҳои нахустин дар хизмати аллома буданд ва то ба охир ба ӯ содиқ монданд. Онҳо бештар вақт ҳамчун намояндаи боэътимоди Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кашмир буданд, ҳамон ҷо хонадор шуда баъдтар зиндагии муқимиро дар он сарзамин ихтиёр карданд. Аз Мир Сайид Ҳусейн – Мир Сайид Ҳасан – Баҳодури Симнонӣ ва аз Мир Сайид Тоҷиддини Симнонӣ – Мир Сайид Ҳайдари Симнонӣ ба дунё омада, ҳамагӣ дар Кашмир умр ба сар бурда мадфунгаҳашон он ҷост. Хуллас, сохтмони умумии мақбара мувофиқи тахмини муҳаққиқони бостоншинос то асри XX ҳашт маротиба таъмиру тармим қарор гирифтааст.
Масолеҳи сохтмонӣ ва ороишии мақбара аз хишти пухта, гаҷ, чӯб, санг, сафолҳои гулбуридашуда иборатанд. Таҳкурсии мақбара аз сангҳои калонҳаҷм бино ёфта, болои он девори хеле паҳни 80-90см хиштин оғоз меёбад. Қисмати болоии девор, зери арку гумбазҳо то як метр ва аз он ҳам зиёдтар паҳн аст.
Мақбара то Инқилоби Октябр дар ҳолати хуб нигоҳубин мешуд. Зеро дар наздикии он чанд аср боз мадраса ва Масҷиди сари мазор амал мекард. Толибилмон аз ҳар гӯшаю канори Хатлонзамин дар ин мадраса таълим мегирифтанд ва баҳри ободу тоза нигоҳ доштани он кӯшиш менамуданд. Ба ҳамин тариқ, се макони муқаддас Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мадрасаи Сари Мазор, Масҷиди назди бузургвор, ки тахмин дар 3-4 гектар замин ҷойгир шуда буданд, дар таълиму тарбия ва соҳибмаърифат гардидани аҳолии Хатлон хизмати шоистае доштанд.
Дар замони Ҳукумати Шуравӣ бо сабабҳои маълум вазъи дину диндорон ва масҷиду мадрасаҳо ногувор буд. Масҷиду мадрасаи назди мақбара вайрон карда шуд, касе ба мақбараи бузургвор ва ҳолати вайронаи он эътибор намедод. Девору гунбазҳои мақбара қисман харобу валангор гаштанд, хавфи аз байн рафтан ва несту нобуд ё шудани ин ёдгории таърихӣ ба миён омада буд.
Хушбахтона, дар охирҳои солҳои чилум мухбири рӯзномаи он вақтҳо пештоз «Коммунист Таджикистана» (исмашон номаълум) мухтасаран оиди вазъи бад ва дар ҳолати ногувор қарор доштани Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мақолае чоп намуданд. Дар он хабар аслан як ҷумлаи нишонрас зимомдорони вақтро ҳушдор медиҳад: «Мақбараи Амири Ҳамадонӣ ҳамчун ёдгории таърихию археологии асримиёнагӣ бояд ҳифз карда шавад».[4]
Ниҳоят, баъди ҳафт сол соли 1954 ду бостоншиноси рус, ки муқими Тоҷикистон буданд, ҷуръати аъзим карда, дар маҷалаи Ахбори илмии Академияи улуми Тоҷикистон ду мақолаи мухтасар иборат аз чанд ҷумла навишта, дар бораи Ҳазрати Амирҷон (Амири Ҳамадонӣ) ва мақбараи вайронаи он маълумот медиҳанд. Нашр шудани ин мақолаҳо хавфи аз байн рафтани мақбараи бузургворро аз байн бурда, дилгармӣ ва умеде байни мардуми оддии шаҳри Кӯлоб ба ояндаи нек пайдо намуд.
Дар ибтидо мӯйсафедони рӯзгордидаи шаҳр ба тариқи ҳашар ба таъмири мақбара оғоз намуданд. Онҳо бо лойи серкоҳ баъзе қисматҳои девор ва бому гумбазҳои мақбараро андова карданд. Соли 1954 Ҳукумати шаҳри Кӯлоб маблағи муайяне ҷудо карда, чанд нафар устоҳоро барои таъмири мақбара муавззаф намудааст. Азбаски устоҳо нақшаи муайяни таъмир надоштанд ва ягон бостоншиносу меъмори мутахассис вобаста нашуда буд, таъмиру тармим бесифат анҷом ёфт. То солҳои 70-уми асри гузашта мақбара аз тарафи мардони солори шаҳр, ки нисбат ба бузургвор маҳбубияти хоссае доштанд, ба истилоҳ таъмири ҷорӣ карда мешуд.
Соли 1972 яке аз олимони машҳури Ҳиндустон Шамсуддин Аҳмад бо мушкилиҳои зиёд ба зиёрати Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда буд.
Вақте ки олими Ҳиндустон, профессор Шамсиддин Аҳмад ҳолати ногувору садамавии мақбараро мебинад, сахт ғамгину маъюс мегардад. Шодравон устод Раҳмон Тағай ва Барот Нозим, ки бо меҳмон ҳамроҳ буданд, нақл мекарданд, ки Шамсуддин Аҳмад ҳангоми вориди мақбара шудан хеле гиря кард. Мо нафаҳмидем, ки гиря барои бузургвор буд ё ба ҳоли табоҳи вайронаи мақбараи вай ва аз Раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб шодравон Оиша Сарварова хоҳишу илтимос мекунад, ки мақбараи бузургворро дар чунин ҳолати садамавӣ нагузоранд, ки нобуд мешавад. Меҳмон ҳатто пешниҳод кард, ки агар иҷозат диҳанд, намояндагони бонуфузи Ҳиндустон баҳри таъмири мақбара маблағ ҷудо месозанд, то ки ин ёдгории асримиёнагӣ комилан барои наслҳои оянда бирасад. Ин таклиф ҳукуматдорони онвақтаи шаҳрро ҳушёр дод ва ба номусу нанг овард.
Як сол пас, ба Вазорати маданияти ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадониро таъмири комил намояд. Устохонаи тармиму таъмири ёдгориҳои таърихии назди Вазорат лоиҳаи мушаххаси илмии тармимро сохта, аз соли 1974 ба кор шурӯъ намуд. Ба кори таъмиру сохтмони мақбара мутахассисон ва устоҳои корозмуда ҷалб шуданд, дар натиҷа бино комилан таъмир карда шуд. Баъзе деворҳои ҷудогона ва утоқҳои мақбара аз нав сохта ва рост карда шуд. Дар ин кор аз хиштҳои устохонаи онвақтаи шаҳри Ҳисор ва хиштҳои сағонаҳои гирду атрофи мақбара истифода бурданд. Хуллас, дар муддати ҳафт соли ранҷу машаққат мақбара симои пештараи худро нисбатан барқарор кард ва соли 1981 ҳамчун ёдгории таърихӣ ба ихтиёри Осорхонаи таъриху кишваршиносии шаҳри Кӯлоб вогузор шуд. Вале устоҳо дар таъмири деворҳои дохили мақбара беэътиборӣ зоҳир намуда, ба ҷойи гаҷ аз омехтаи оҳаку сементу қум истифода карда, деворҳоро ба таври муқаррарӣ сафед карданд. Дар натиҷа деворҳо нам кашида ду се сол пас вайрон гардида, боз аз сари нав қисман таъмирталаб гаштанд.
Ҳамин тариқ, аз солҳои 1974 бо маблағи Вазорати маданияти ҷумҳурӣ таъмири як қатор ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёрмуҳаммади Валӣ дар Баҳораки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ ноҳияи Шӯрообод), Мир Сайид Ҳасани Шоҳи Хомӯш дар деҳаи Лангари ноҳияи Муминобод ( собиқ ноҳияи Ленинград) оғоз шуда, то соли 1981 давом карданд.
Дар арафаи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон устои гулдаст Ҳоҷӣ Абдулманнон бо ду фарзандаш аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд баҳри таъмири мақбара даъват карда шуданд. Ин марди гулдасти соҳибҳунар, ки солҳои зиёд ба таъмиру тармими биноҳои қадима, мақбараҳои шахсони таърихӣ, ёдгориҳои археологӣ банд буд ва таҷрибаи бою мукаммал андӯхта, дар муддати се сол дохили биноро куллан аз сари нав таъмир кард. Сатҳи умумии дохили мақбара, ки қариб 600 метри мукаабро ташкил мекунад, комилан аз нав ва ба талаботи мутахассисон мувофиқ таъмир ёфт. Ҳоҷӣ Абдулманнон анъанаи қадимаи таъмири дохили биноро риоя карда, аз гаҷу қум ва оҳак омехтаи махсус тайёр карда, деворҳоро бо сифати аъло гаҷкорӣ намуд.
Ин таъмир то соли 2003-2004 бе тағйир монд. Бо сабабҳои гуногун ҷо-ҷо деворҳои мақбара ва сақфи ҳуҷраҳо нам гирифта вайрон шуданд. Зарурати аз нав таъмири мақбара ба миён омад.
Дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни бузурги таърихӣ 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб мувофиқи амри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комилан таъмиру тармим намудани мақбара маблағ ҷудо карда шуд. Таъмир қариб се сол давом карда, он бо дасти сеҳрофарини устоҳои хатлонӣ анҷом ёфт. Дар таъмир баъзе дигаргуниҳои ҷузъӣ дар дохили мақбара пайдо гардид. Масалан, ҳуҷраи қабри бузургвор бо сифати баланд таъмиру тармим ёфт, бари деворҳо, тоқу сақфи ҳуҷра бо гаҷ гилкорӣ шуда, ҳусн ва шукӯҳу шаҳомати он афзун гардид.
Умуман, баъди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе рӯйдодҳои муҳими пурарзиш дар қисмати берунии мақбара ва саҳну атрофи он низ ба амал омад, ки ин дигаргуниҳо бо ташаббус ва раҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.
Яке аз аввалин амалҳои хайр дар ин давра даъвати ҳунармандони кошинкори эронӣ Молики Меҳрҷӯ ва Ҳасани Аббосӣ бо сарварии сармуҳандиси кутубхонаи остони Қудси Разавӣ оғои Толибиён ба шаҳри Кӯлоб буд. Номбурдагон соли 19993-1994 қисмати берунии пештоқи Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо санъати баланди кошинкорӣ ороиш доданд. Қомат афрохтани дарвозаи зебои хиштин аз тарафи даромадгоҳи асосӣ, бунёди ҳашт гулхонаи зебою рангини ҳамешасабз, таъмиру тармими пурраи ҷиддии осорхона, ки дар шафати оромгоҳ воқеъ аст, болопӯши санги Сипоснома ва хумдони давраи салтанати Ҳахоманишиҳо, барқарор кардани сохти пештараи мақбараи шахси номаълум (асри XII-XIII) ба ҳамин давра рост меояд.
Баъдтар, бахшида ба истиқболи ҷашни 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб як гурӯҳ устоҳои чирадаст Леля Николай Кузмич, Леля Николай Владимирович, Завало Андрей Адолфович, Гоманов Николай Владимирович аз Ҷумҳурии Белорусия даъват шуданд. Онҳо дар таъмиру тармими боми мақбара ва гумбазҳои он хизмати шоистае карданд. Бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайвастаи онҳо гумбазҳои мақбара бори нахуст, баъди гузашти тақрибан 600 сол тиллокорӣ шуданд.
Дар арафаи ҷашнгирии 700-солагии бузургвор баробари маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе аз ҷавонони саховатпешаи кӯлобӣ низ кору амалҳои хайреро анҷом доданд, ки иншоаллоҳ, ин амали пурсавобашон боиси сарбаландии ин дунё ва охираташон хоҳанд гашт.
Яке аз ин ҷавонмардони олиҳиммат ва покниҳоди кӯлобӣ Ҷуъмахон Раҷабзода мебошад, ки бо фарзандони қобилу фармонбардораш дар ин давра корҳои хайреро анҷом доданд. Гирду атроф ва саҳни мақбара, майдон ва қисмати даромадгоҳ бо санъати баланд сафолакбанди шуд. Бо ташаббуси ӯ ду нафар устои чирадаст Алии Акбарӣ ва муҳандис Искандар аз кишвари Эрон даъват гардида, бо кумаки онҳо қисмати пеши дарвозаи даромадгоҳ кошинкорӣ шуд.
Ҳамчунин бо саъй ва маблағгузории Ҷумахон Раҷабзода дар саҳни Оромгоҳи Сайид Алии Ҳамадонӣ 8 дона нишастгоҳи пурқимату зебою мунаққаш сохта шуда ба ихтиёри зоирон вогузор шуд. Нишастгоҳҳо аз тарафи ҳунармандони чирадаст кандакорӣ шуда, ниҳоят базебу хотирнишинанд. Зоирон баъди зиёрати оромгоҳ чанд муддат дар ин нишастгоҳҳои чӯбини мунаққаш нишаста дам мегирад ва ба санъати баланди устоҳои кандакор аҳсан гуфта ҳамчунин дар ҳаққи касони маблағгузоре, ки ин амали хайру савобро анҷом додаанд, дуои нек мекунанд.
Ин ҷавонмарди олиҳиммат тамоми майдони саҳни оромгоҳ ва як қисми кӯчаи марказии шаҳрро бо маблағи хеле зиёд таъмир кард. Меҳмони ба дарбор қадам ранҷакарда лаҳзае ба болои ин нишастгоҳҳои пурнақшунигор дам гирифта, ба ҳаққи рӯҳонияти бузургвор ва гузаштагони бародарамон – Ҷумъахон барои анҷоми ин амали хайру пурсавобашон дуои нек мекунанд:
Мо мегузарему ин ҷаҳон мемонад,
Ин олами пир ҷовидон мемонад.
Бигзашт зи дасти мо, ҳар неку баде,
Дар дафтари зиндагӣ ҳамон мемонад.
Мо худро вазифадор мешуморем, ки дар хатми ин боб ба собиқ раиси вилояти Хатлон марҳум Амиршо Миралиев, раисони шаҳри Кӯлоб, Вазорати фарҳанги Xумҳурии Тоҷикистон, собиқ ҷонишини сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон Зуҳуров Гулмурод, директорони собиқ осорхонаи таъриху кишваромӯзии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ И. Ҷалилзода, М. Азизов, Х. Тоиров, муҳандисон Қурбон Абдуалимов, Маҳмадёр Давлатов ва дигаронро, ки дар ободонии ин макони муқаддас саҳмгузоранд, изҳори миннатдорӣ намоем.
Дар охири ин боб, мо ходимони дарбори поку муназзаҳи Ҳазрати Амирҷон гуфтанием касоне дар обод кардану поку беолоиш нигоҳ доштани мақбараи ин марди шариф хизмати кардаанду дар ба ҷоҳониён муаррифӣ кардани корномаи ӯ заҳмат кашидаанд, иншоаллоҳ, аз мукофоти олии илоҳӣ баҳраманду бархурдор хоҳанд гашт.
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.
[1] М.Азизов. Чун сабза умеди бардамидан будӣ. Маҷалаи «Дарё», 1994, №2, саӽ. 14-15
[2] М. Азизї. Чун сабза умеди бардамидан будӣ. Маҷалаи «Дарё», 1994, №2, саӽ. 14-15
[3] Муӽаммад Риёз. Аӽволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ. Душанбе, 2015, саӽ. 101.
[4] Изучения мавзолея Мир Сайид Алии Хамадонї. (Информация Тадж. ТА «Коммунист Таджикистана», 1947, 2-август.

