Тӯҳфаҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардиданд

Рӯзи 10.10.2024  Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намуданд.

Дар доираи ин вохӯрии судманд Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад лавҳа бо матои бофтаи нақшин, китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва маҷмуи матои бофтаи мунаққаши рӯйимизӣ тӯҳфа намуд.

Лавҳаи бофтаи нақшин ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ҷониби ҳунармандони эронӣ бо матоъи нақшин бофта шуда, дар маркази он муқаддасоти миллии ду кишвари дӯст – Парчами миллии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии исломии Эрон ва дар атрофи лавҳа ёдгориҳои таърихию фарњангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба монанди Оромгоҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Қалъаи Ҳисор, Майдони Истиқлол, Қасри миллат, Кохи Наврӯз, Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Қалъаи Бам, Оромгоҳи Ҳофиз, Бурҷи гунбази Кавос, Мазори Фирдавсӣ, Тахти Ҷамшед, Мазори Нуронии Имом Ризо, Бурҷи милод, Пули Аҳвоз, Майдони Имом Исфаҳон, Масҷиди ҷомеи Язд ва Оромгоҳи Хайём тасвир ёфтааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top