
Ба даст омадан Истиқлолияти миллӣ боиси ба амал овардани бисёр рӯйдодӽои муӽими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хосса фарӽанги миллӣ гардид. Дар солӽои 90-уми асри гузашта танӽо номи осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятиро бо номи бузургвор гузоштанд, дар асл бошад толорӽои он чун пештара аз табиати зебо, таърихи чандинӽазорсолаи Кӯлоб, гузаштаю имрӯзаи саноат, хоҷагии қишлоқ, маориф, маданият ва тибу варзиш, иштироки фарзандони тоҷик дар муӽорибаӽо муқовиматӽои солӽои 20-ум ва 30-юм, махсусан Ҷанги Бурурги Ватанӣ ба тамошобинон нақл мекарданд. Бо ташаббуси кормандони осорхона ва дасгирии баъзе ҷавонмардони сохтори ӽукуматӣ қисмате ҷонварон аз қабили хусаӽои хасиси хирсу хук, гургу ҷайра ва амсоли онӽо аз намоиш гирифта шуданд, чунки намоиши ин ӽайвонотӽо бо номи осорхонаи бузургвор мувофиқат намекарданд
Зимомдорони вақт бо сабаби набудани шароит ва набудани мавод осорхонаи пештараро бо ӽамон тарзу усули пештара то соли 2006 кашола карда оварданд.
Дар соли 2006 бо шарафи 2700-солагии шаӽри Кӯлоб Осорхонаи муӽташами таъриху кишваромӯзии алоӽидаи дар назди бозори марказии шаӽр сохта ва ба истифода дода шуд. Ӽама нигораӽои Осорхонаи назди бузургворро, ки беш аз ду ӽазорро ташкил менамуданд, ба осорхонаи нав интиқол дода шуданд.
Бо қарори Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таӽти рақами 412 «Дар бораи таъсис додани «Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумӽуриявии осорхонаӽои Кӯлоб» ба тасвиб расид, ки фарогири се осорхона – Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ, Хона-музейи шоир ва ӽофизи халқ Сайдалӣ Вализода ва Осорхонаи таъриху кишваромӯзии 2700-солагии Кӯлоб гардид. Сарварии ин Муассисаи навтаъсисро ба уӽдаи муӽаққиқи ҷавони осори аллома номзади илмӽои филология Ӽотам Асозода вогузор карданд. Кормандони тифоқи эҷодии Муассиса бо кумаку дастгирии Вазорати фарӽанги Ҷумӽурӣ тавонистанд, ки дар муддати ду сол Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ ва Осорхонаи таъриху кишваромӯзии 2700-солагии Кӯлобро бо қувваи худ бисозанд.
Аз ӽамон сол сар карда Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ самти фаъолияташро пурра ба ӽаёт ва осори алломаи машриқзамин ва пирони кӯӽистони Хатлон равона сохт ва натиҷаӽои назаррасро соӽиб шуд.
Мехоӽем чанд ҷумлае доир ба аӽамияти таъсиси осорхона ва хизмати кормандони он дар тарғиби осори Сайид Алии Ӽамадонӣ иброз намоем. Ин сатрӽо барои ихлосмандон ва дӯстдорони каломи пурэъҷоди аллома, ки дар Эрону Афғонистон, Ӽинду Покистон зиндагӣ доранд ва на ӽамаи онӽо ба зиёрати мақбараи бузургвор ва Осорхонаи вай мушарраф мешаванд, башорати нодирест.
Бинои Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ дуқабата буда, дар ошёнаи якум утоқӽои маъмуриї ва китобхонаи «Амири Кабир» қарор доранд. Дар толорӽои барӽавои ошёнаи дуюм оиди шахсият ва зиндагиномаи пирони кӯњистони Хатлон, зиндагї ва корномаи бузургвор, аз таърихи сохтмони маќбараи ориф ва доири шуӽрати ҷаӽонии Мир Сайид Алии Њамадонї тавассути тӯӽфаӽои хотиравии меӽмонони дохил ва хориҷи кишвар пешкаши тамошобинон карда шудаанд.
Дар толори нахуст, ки «Пирони куњистони Хатлон» ногузорї шудааст, намунаӽои гуногуни хати ниёгон ва дастхатӽои нодири гузаштагонамон, ки таърихи 100 то 500-600 сола доранд, ба маъраз гузошта шудаанд. Намунаи дастхатӽои китобӽои гуногун «Қуръон» (1848), «Фиқӽи Кайдонӣ» (1840), «Ғазалиёти Бедил» (1780), «Девони Имло» (1862), «Салоти Маъсудӣ» (1857) шукуӽу шаӽомати толори намоиширо афзуданд. Китоби «Фиқӽи Ӽанафӣ» нодиртарин дастхати осорхона буда, мутааллиқ ба охирӽои асри XIV мебошад.
Ӽамчунин дар ин толор аз ӽаёт ва зиндагиномаи пирони кӯӽистони Хатлон, амокини муқаддаси он ба мисли Султон Увайси Қаранӣ, Имом Аскарӣ, Шақиқи Балхӣ, Мир Сайид Ӽасани Шоӽи Хомӯш, Хоҷаи Нур ва дигарон маълумотномаӽои ҷолиб пешкаш шудаанд.
Толори навбатӣ, ки «Ганҷинаи ӽазрати Амирҷон» номгузорӣ шудааст, аз шарӽи ӽол зодгоӽ, хатсайри сафарӽо ва осори таълифнамудаи бузургвор ӽикоят мекунад. Ӽамчунин дар толор гӯшаӽои ҷудогона оид ба осори муӽаққиқони Алии Ӽамадонӣ, авлодон ва хешу табори бузургвор, ки дар Хатлон ва хиттаи Кашмир умр ба сар бурдаанд, маълумот медиӽад.
Дар ӽамин гӯша баъзе ӽуҷҷатӽои расмии замони гузашта аз қабили хати иршод шаҷараномаӽои авлодони бузургвор бо аксӽояшон, ки дар Кашмир ва Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд ба маъраз гузошта шудаанд. Тамошобин метавонад тариқи аксӽо ва навиштаҷоти мухтасар оид ба «Гунбади Алавиён», «Хонақоӽи Муалло», маълумот пайдо намояд.
Дар толори навбатӣ оид ба таърихи бунёди мақбараи Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ, аксӽои нодири таърихӣ, ки ба ибтидо ва миёнаи асри XX мансубанд ва дигар гӯшаӽои ҷолиб маълумоти муфассал пешниӽод шудааст. Ӽамчунин дар ин қисмат тамошобин тариқи навиштаҷоту аксӽои хотирнишин аз таљлили ҷашнвораи 680-солагии бузургвор дар солӽои 1994-1995 шиносоӣ пайдо мекунад.
Дар гӯшаи махсус асарӽои илмӣ-тадқиқотии муӽаққиқони дохил ва хориҷи кишвар Шамсиддин Аӽмад, Сайида Ашрафи Зафар, Муӽаммад Риёз, Парвизи Азкоӣ, М.Султонзода, Қ.Абдураӽмонов, А. Рањмонов, М. Муллоањмадов, К.Қодиров, Р.Асозода, Ӽ.Асозода ва дигарон ба маъраз гузошта шудаанд.
Толори охирин, ки «Шуӽрати ҷаӽонии Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ» номгузори шудааст, аз ӽар ҷиӽат ҷолибу тамошобоб аст. Нахуст чашми зоир ба гӯшаи «Васфномаи Ӽазрати Аминҷон» меафтад, ки дар он суханони пурарзиши олимон, мутафаккирон ва ихлосмандони аллома аз асрӽои XV то XXI ҷамъоварӣ шуда намунаи чанде аз онӽо муаррифӣ гардидааст.
Дар гӯшаи дигари толор аксу навиштаҷотӽои таърихие, ки ба таҷлили 700-солагии аллома далолат мекунад ҷойгиранд. Ӽамчунин тамошобин метавонад ба рафти таҷлили ҷашнвора маърӯзаю суханронии меӽмонони хориҷ ва дохили кишвар шиносоӣ пайдо кунад. Дар шафати он доир ба ӽамоиши байналмилалие, ки моӽи ноябри соли 2015 бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ӽамадонӣ дар шаӽри Ӽамадони Эрон баргузор гардид, маълумот дода мешаванд. Хотирасон менамоем, ки панҷ нафар олимону адибони Кӯлобшаӽри бостонӣ дар он ӽамоиш ширкат ва суханронӣ намуданд.
Тамошобин тавассути гӯшаи махсус метавонад доир ба ташрифи собиқ Президенти Ҷумӽурии Исломии Афғонистон Бурӽониддин Раббонӣ (1995), собиқ Президентони Ҷумӽурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Рафсанҷонӣ (1997), Сайид Муӽаммад Хотамӣ (2009), Аӽмад Маӽмуди Нажот (2011), собиқ Президенти Ӽиндустон Протибха Патил (2009), Сарвазири Ҷумӽурии Исломии Покистон Навоз Шариф (2015) ба шаӽри Кӯлоб ва зиёрати онӽо аз оромгоӽ ва Осорхонаи бузургвор маълумоти мушаххас гирад.
Як гӯшаи алоӽидаи толорро тӯӽфаӽои арзишманди меӽмонони олиқадри кишварӽои гуногун шукӯӽу шаӽомати хосса бахшидааст, аз ҷумла тӯӽфаи бебаӽои тақдимнамудаи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон порае аз матои рупӯши Қаъбаи Мукаррама, ояте аз Каломи шариф зарӽалдӯзӣ шудааст, бардевории зарӽалии кашидадӯзишуда, ки дар он сангу марворидӽои қиматбаӽо насб гардидаанд, аз тарафи собиқ Президенти Ҷумӽурии Ӽиндустон хонум Протибха Патил, қолинча – ҷойнамози тақдимнамудаи Сарвазири Ҷумӽурии Исломии Покистон Навоз Шариф, нишонаӽои зарӽалини ӽукуматдорони бародаршаӽри Музаффарободи Покистон ва чандин ӽадяӽои пурарзиши меӽмонони Ӽинду Покистон толори номбаршударо шукӯӽу шаӽомоти хосса бахшидаанд.
Дар қисмати толори Осорхона гӯшаӽои махсус ба муносибати бародаршавии шаӽри Кӯлоб бо шаӽри Ӽамадони Эрон, шаӽри Музаффарободи Покистон ва шаӽри Қунияи Туркия таъсис дода шудааст, ки аз ӽар ҷониб ҷолибу хотирнишинанд.
Ӽамин тариқ, таъсиси Осорхона на танӽо тадбиқи амалӣ гардидани сиёсати фарӽангии Ӽукумати Тоҷикистон, балки ӽамчунин ба амал омадани дархост ва орзуӽои деринаи меӽмонони хориҷӣ, зоирони оромгоӽи Ӽазрати Амири Кабир мебошанд. Солӽои 80-уми асри гузашта меӽмонон Осорхонаи таъриху кишваршиносии назди оромгоӽро тамошо карда афсус мехурданд, ки чаро як утоқ ё гӯшае барои аллома ва осори он таъсис дода нашудааст.






