Ба ширкаткунандагони маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии Саидалй ВализодаДустонн азиз!

Шахсиятҳои асили майдони илму адаб ду даврони ҳаёт доранд: аввал, зиндагии воқей, ки бо талошҳои эҷодӣ сипарӣ мешавад, сипас, умри маънавии онҳо, ки ба воситаи осори пурқимату хизмати шоистаашон оғоз меёбад. Шоир ва Ҳофизи маҳбуби халқ Саидалӣ Вализода аз зумраи ҳамин гуна фарзандони наҷиби миллати точик мебошад.
Ӯ аз соҳои 20-ум ба эҷодӣ шеъру достон ва баъд ба кори театр камар баст. Ашъори воқеан халқӣ, овозу навои ширадори Саидалӣ Вализода дар лаҳзаҳои мушкили зиндагй ба мардум руҳу дармон мебахшид. Саидалй Вализода ҳамеша ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буд ва шодиву нишот, дарду армоии ҳамзамононашро ба забони фаҳмо ва пуробу ранги халқӣ месароид. Китобҳои шоир «Сурудҳо», «Нозим», «Хофизи Ватан», «Ду бародарон» ва «Оишкр баҳор»-ро хонандагон то имруз дар тамоми гушаю канори Точикистон мутолиа мекунанд.
Саидалӣ Вализода дар тарбияи як гурӯҳ шоирону ҳофизони намоён саҳми сазовор дорад. Имрӯз, лаҳни фалаксароии Саидалӣ Вализода дар таронахонии ҳофизон ва тарзи аз ганчинаи сваи мардум истифода бурдани шоирон хеле хуб ба чашм мерасад. У ҳам мисли ҳамкадамону ҳамзамонони худ Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон тарғибгари солҳу дӯстӣ ва бародарию сулҳу осоиш буд. Аз ин ру, мардум ӯро самимона дӯст медоранд ва хотираи некашро эҳтиром мекунанд.

Ба тани хаста тавон буд, Вализодаи мо,
Балки љон дар барии љон буд, Вализодаи мо.
Булбули боѓ буду созї давобахшї дошт,
Гунгро гушу забон буд, Вализодаи мо.
Ашур Сафар

Аз таърихи бунёди осорхонаи адибони Хатлонзамин,
ба номи С.Вализода

Бо пешниҳоди Раёсати фарҳанги собиқ вилояти Кӯлоб соли 1981 масъалаи бунёди Хона-музейи устод дар хонаи зисташ ҳамчун филиали осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятӣ ба миён омад, 20-уми майи худи ҳамон сол Хона-музей ба фаъолият оғоз намуд. Аввалин директор ва муассиси ин даргоҳи маърифатӣ собиқ корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Холова Масъудахон Ҳомидовна мебошанд. 

Ҳамон тавре ки муаллима Холова М. Ҳ. ёдовар гардидаанд, соли 1980 баъди зарурати куч бастани аҳли оилаашон ба шаҳри Кӯлоб масъулияти омода сохтани экспозитсияи Хона-музейи шоир ба уҳдаи он кас вогузор гардида буд.
То ин муддат дар осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятӣ, ки дар шафати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавқеият доштааст, толори алоҳидае ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Саидалӣ Вализода бахшида шуда буд. Экспозитсияи аввалини толорҳои намоишии Хона-музей дар заминаи нигораҳои аз ҳамин осорхона, ки аз либосҳои шоир, китобҳо, рахти хоб, дастнависҳо, шеърҳои номатбуъ, ёддоштҳои ёру дӯстон, хешу ақрабо, аҳли адаб ва расму мусаввараҳо иборат буданд, ташкил карда шуд. Дар кори бунёду ҷобаҷогузории нигораҳо бародари шоир – бобои Ҷаббор ва посбони ҳамон давраи Осорхона бобои Акобир низ саҳми калон доранд.
Соли 1981 баъди боздиди котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб Салоҳуддин Ҳасанов аз Хона-музей корҳои ободонӣ дар ин ҷо вусъати тоза касб намуданд. Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Бунёди бадеии Ҷумҳурӣ толорҳо бо таҷҳизоту анҷоми махсуси осорхонавӣ муҷаҳаз гардиданд. Дар ин давра ҳавозаи ангурӣ бо ангурҳои бо дасти худашон шинонидаи шоир, бунёди ҳавзи чаҳоркунҷа ва дарвозаи кандакории бо дастони устоҳои комбинати хизмати маишии шаҳр (сардораш Мирзоев Суннат Боронович) сохташуда ҳусни Хона-музейро дигар карданд.
Аз соли 2006 дар арафаи таҷлили ҷашни 2700-солагии Кӯлоб Хона-музей шомили Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» гардида, баъди таъмиру азнавсозӣ ба иловаи хонаҳои мавҷуда як толори барҳавои маҷлисгоҳ ва як ҳуҷраи низ, ба истифода дода шуд. Саҳми духтари шоир Хосияти Вализода, ки як муддат дар ин ҷо масъулияти сарвариро ба уҳда доштанд,дар муаррифии шоир хеле калон аст.
Соли 2020 бо Қарори Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хона-музейи шоир ва Ҳофизи халқ С. Вализода осорхонаи адибони Хатлонзамин ба номи С. Вализода таъсис дода шуд.

Дорандаи унвон Ҳунарманди хизматнишондодаи љумњурї ва Ҳофизи халќии Тољикистон Саидалї Вализода аз љумлаи шахсиятњои маъруфи миллат аст, ки солњои авали умраш мутаалиќ ба ду давра – замони њукмронии Амир Олимхон ва давлати љавони Советї аст. Ў соли 1900 дар оилаи Валї ном дењќони камбаѓал дар дењаи Чуќураки ноњияи Ховалинг ба дунё омадааст.
Марњилаи аввали умри шоир дар давраи фаќру ноумедї, дар дунёи торикї миёни 9 нафар бародарону хоњаронаш гузаштааст. Падараш Валї дењќони чоряккор буду музди ночизе ба даст меовард. Модари шоир – Зайнура баъди анљоми корњои хона ба чархаресї машѓул мешудааст. Бародарон аз хурдсолї дар муњити мењнат ба воя мерасиданд. Соли 1914 ањли оилаи шоир ба дењаи Панљюрт, ки аз Чуќурак 25 км масофа дошт кўч мебанданд. Саидалии љавон, ки он ваќт 14 – сола буд ба мактаби дења шомил мегардад. Ду соли тањсил дар мактаб барои шоир чизе надод, бинобар ин ў тарки мактаб менамояд.
Тавре ки аз гўфтаи худи шоир ва њамдаврони бобои Валї бармеояд, падари шоир ба мушкилот ва вазнинии бори зиндагї нигоњ накарда гоњо думбра ба даст гирифта шеърњои эљод кардаи худро зам – зама мекард. Шеърхонию шеърдонии падар ба Саидалии љавон бетаъсир намонд. Дар синни 17 – солагї нахустин шеъри шоир бо номи «Дењќони љабрдида» таълиф шуд.
С. Вализода аз ѓалабаи Инќилоби Кабири Октябр руњу илњом гирифта, шеъри «Ленин бародар рањнамо» – ро эљод кард, ки шоирро хеле маъруф кард.
Соли 1932 Саидалї Вализодаро бо зану бачањояш бо љурми кулак буданаш ба Ќазоќистон бадарѓа карданд. Бо сипари гардидани ду сол, яъне соли 1934 ў ба Тољикистон баргашта унвонии Ҳукумати Тољикистон мактуб дар бораи гуноњ надоштанаш менависад. Баъди тадќиќотњо бо Ќарори Президиуми Шурои Олии РСС Тољикистон №28, аз 22 июли соли 1936 бегуноњ будани шоир эълон мегардад.
Соли 1936 Саидалї Вализода ба Сталинобод омада дар театри колхозї ба кор медарояд. Тайи ду соле, ки ў дар ин љо кор кард бо шоиру нависандагони номии давр А.Лоњутї, М.Турсунзода, М.Рањимї, Суњайлї, М.Миршакар, А.Дењотї ва дигарон шинос мегардад.
Шоир аз соли 1939 то соли 1955 ў дар театри вилоятии Кўлоб кору фаъолият намуда, дар ин давра шеъру тарона, достону бадењањои зиёд эљод кардааст, ки мањбубияти ӯро миёни мардум зиёдтар намуданд.
Њукумати вақт хизматњои шоир ва Њофизи халќ Саидалї Вализодаро ќадрдонї намуда, соли 1945 ба ў унвони Артисти хизматнишондодаи Республика ва соли 1960 бо унвони Ҳофизи халќии Тољикистон сарфарозаш гардонид.
Саидалї Вализода 12 – уми декабри соли 1971 дар синни 71 – солагї вафот кардааст.
Њукумати собиќ вилоят ва њозираи шањри Кўлоб бо маќсади абадї гардонидани хотираи неки шоири халќ дар маркази шањри Кўлоб театри мусиќї – мазњакавї яке аз мањаллањои калонтарини шањр ва як Боѓи фарњангї – фароѓатиро бо номи Вализода номгузорї кардаанд. Њамчунин дар хонаи истиќоматии шоир, ки дар хиёбони марказии шањр воќеъ аст. Осорхонаи шоир, ки љузъе аз Муљтамаи љумњуриявии осорхонањои Кўлоб аст фаъолият дорад.
Устод С. Вализода – шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷ.Ш.С Тоҷикистон (1945), Ҳофизи халқии Ҷ.Ш.С Тоҷикистон (1960), аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони собиқ давлати Советӣ. Бо ду Ордени «Нишони фахрӣ», медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

                        Эҷодиёти шоир

Эҷодиёти С. Вализода бо сохтмони сотсиалистӣ, ҳаёти хоҷагӣ ва мадании Ҷумҳурӣ алоқамандии зич дорад. Солҳои 1936 – 1938 дар театри колхозии шаҳри Сталинобод ҳамчун мутриб ва сароянда фаъолият кардааст. Маҳз аз ҳамон солҳо бо С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, М. Раҳимӣ, Суҳайлӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ ва дигар шоирону адибон аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба шеъру шоирӣ майлу рағбати бештар пайдо намуд.
Соли 1938 Вализода ба Ховалинг баргашт ва дар назди хонаи бачагони ноҳия маҳфили мусиқӣ – драммавӣ ташкил намуд. Минбаъд ӯ бо дастаи ҳаваскорони хонаи бачагон ҳунари мусиқиву сарояндагияшро такмил дод. Шеъру достонҳои ӯ «Бо Тоҷикистон» (1938), «Эй Октябр» (1938), «Папанинчиён» (1939), «Дар васфи Кӯлоб» (1940), «Меҳнат» (1940) ва ғайра дар матбуот рӯйи чоп омаданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 1945) мавзӯи ашъори шоир аслан характери руҳбаланднамоии халқ, мубориза ва  ғалаба бар фашизмрро ташкил менамуд. Дар ин давра як силсила шеърҳои шоир аз қабили «Хабар» (1941), «Падар ва писар» (1942), «Марг ба фашизм» (1942), «Натвонӣ» (1942), «Мур ту, саг» (1943), «Мактуби ёр» (1941), «Мактуб» (1942), «Салом ба аскари Сурх» (1942) ба чоп расиданд, ки дар онҳо дар баробари тасвири шуҷоату далерӣ ва корнамоиҳои бемисли ҷанговарони Шӯравӣ мавзуи робитаи ногусастании ақибгоҳ бо фронт хеле хуб тасвир шудааст. 
Ҳамчунин, шоир соли 1945 манзумаи «Қаҳрамон Саидқул Турдиев» - ро эҷод карданд. Аз соли 1949 то аввали солҳои 1970 якчанд маҷмуаи ашъори шоир таҳти унвонҳои «Таронаҳо», «Дар водии меҳнат», «Ду додарон», «Шеърҳо ва достонҳо», «Ошиқи баҳор» рӯи чоп омаданд, ки дар онҳо беҳтарин шеърҳои эҷод кардаи шоир гирд овада шуданд, ба дасти хонанда расид.
Яке аз паҳлуҳои дигари эҷодиёти шоирро ашъори танқидиву ҳаҷвии ӯ ташкил медиҳад. Дар ин қабил шеърҳояш шоир ҳаннотону коргурезон, фиребгарону ҳақи мардумхуронро зери тозиёнаи танқиду мазаммат қарор додааст.

С. Вализода дар мавзӯъҳои тарғиби ғояҳои сулҳу озодӣ ва меҳнати софдилонаю содиқона ба нафъи Ватан ашъори пурмазмуну пурмуҳтаво эъҷод намуда, дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хоссаи худро пайдо намудааст.

Аз таърихи бунёди Хона-музейи ба номи С.Вализода

Хона – музейи ба номи шоир ва њофизи халќї Саидалї Вализода 20-уми майи соли 1981 ба фаъолият оѓоз кардааст. Аввалин директор ва муассиси ин даргоњи маърифатї корманди Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Холова Масъудахон Њомидовна мебошанд. Њамон тавре, ки худи муаллима Холова ёдовар гардидаанд, соли 1980 шавњарашро ба вилояти навтаъсиси Кўлоб ба кор фиристоданд ва онњо њама бо ањли байт роњ сўйи Кўлоб пеш гирифтанд. Баъди чанде бо пешнињоди Раёсати фарњанги вилоят масъалаи бунёди Хона-музейи устод дар хонаи зисташ ба миён омад. Бо ќарори раиси комиљроияи шањр њамаи фарзандони шоир дар биноњои баландошёна бо манзили зист таъмин гардиданд.
То ин муддат дар осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятї, ки дар шафати оромгоњи Мир Сайид Алии Њамадонї мавќеият дошт, толори алоњидае ба зиндагинома ва фаъолияти эљодии Саидалї Вализода бахшида шуда буд. Экспозитсияи толорњои намоишии Хона-музей дар заминаи нигорањои аз ин осорхона ба даст омада такмил гардиданд. 
Сарчашмаи асосии экспозитсияи намоишии Хона-музейи шоир љињози зиндагии ў буд. Коллексияи намоишгоњро либосњои шоир, китобњо, рахти хоб, дастнависњо, шеърњои номатбуъ, ёддоштњои ёру дўстон, хешу аќрабо, ањли адаб ва расму мусавварањо ташкил медоданд.
Аз соли 1981 то соли 1984 корњои ободонї дар Хона-музей идома ёфтанд. Илова бо чањор хонаи шоир боз як толори љадид – толори «Адибони Хатлонзамин» сохта ба истифода дода шуд. Њавозаи ангури бо ангурњои бо дасти худашон шинонидаи шоир, бунёди њавзи чањоркунља ва дарвозаи кандакории бо дастони устоњои комбинати хизмати маишии шањр (сардораш Мирзоев Суннат Боронович) сохта шуда њусни Хона-музейро дигар карданд. 
Бо дастгирии Вазорати фарњанг ва Бунёди бадеии Љумњурї толорњо бо таљњизоту анљоми махсуси осорхонавї муљањаз гардиданд. Дар ин давра котиби кумитаи њизбии вилоятї Салоњуддин Њасанов аз Осорхона боздид намуда, барои фаъолияти минбаъдаи он маблаѓ људо намуданд. 
Дар кори бунёду љобаљогузории нигорањо бародари шоир – бобои Љаббор ва посбони њамон давраи Осорхона бобои Акобир низ сањми калон доранд.
Аз соли 2006 дар арафаи таљлили љашни 2700-солагии Кўлоб Хона-музей шомили Муассисаи давлатии «Муљтамаи љумњуриявии осорхонањои Кўлоб» гардид. Айни њол дар Хона-музей тибќи љадвали корбаст 5-нафар кору фаъолият доранд.

Сайдали Вализаде
Сайдали Вализаде родился 10 октября 1900 года в кишлаке Чукурак Хавалингского района в семье дехканина. 12 декабря 1971 в городе Кулябе покинул этот мир. До победы революции работал издольщиком. После революции активно участвовал в строительстве колхозного строя. Его отец дед Вали являлся умелым ремесленником и любителем поэзии. Свой первый стих молодой Сайдали написал под влиянием песен и стихов своего отца, которую назвал «Дехкони джабрдида». Вдохновленный победой революции в 1922 году сочиняет знаменитое стихотворение «Ленин бародар рахнамо», которая очень прославила поэта.
Сайдали Вализаде поэт, музыкант, певец и композитор, заслуженный артист ТССР (1945), Народный певец ТССР (1960), с 1963 года член Союза писателей СССР. Награждён двумя орденами « Нишони фахри» (Знак почёта) и многочисленными медалями и почётными грамотами. С целью увековечивания имя поэта, в городе Кулябе один театр, один из населенных махаллы и один парк культуры и отдыха названы его именем.
Творчество поэта
Творчество поэта Саидали Вализаде имеет очень тесные связи со строительством социализма, хозяйственной и культурной жизнью республики. С 1936 по 1938 годы поэт работал в колхозном театре города Сталинабада в качестве музыканта и певца. Именно в этот период он знакомится с С. Айни, А. Лохути, М. Турсунзаде, М. Рахими, Сухайли, М. Миршакар, А. Дехоти творчество которых усилило его интерес к поэзии.
В 1938 году Вализаде возвращается в Ховалинг, и при детском доме интернате, основывает музыкально – драматический кружок. Впоследствии с группой любителей музыки из детского дома, поэт совершенствует свои музыкальные и певческие умения. Его стихи и сочинения такие как «Бо Точикистон» (1938), «Эй Октябр» (1938), «Папанинчиён» (1939), «Дар васфи Кулоб» (1940), «Мехнат» (1940) и другие произведения не раз выходили в печать.
В годы Великой Отечественной войны (1941-1945) основными темами творчества поэта являлось воодушевление народа к борьбе и победе над фашизмом. В этот период печатаются серия стихов, такие как «Хабар» (1941), «Падар ва писар» (1942), «Марг ба фашизм» (1942), «Натвони» (1942), «Мур ту, саг» (1943), «Мактуби ёр» (1941), «Мактуб» (1942), «Салом ба аскари Сурх» (1942) в которых наряду с описанием храбрости и героизма советских воинов, также качественно описываются неотъемлемая связь тыла с фронтом.
Также поэт в 1945 году сочиняет стихотворение «Кахрамон Саидкул Турдиев». С 1949 до первой половины 1970-ых выходят сборник стихотворений «Таронахо», «Дар води мехнат», «Ду додарон», «Шеърхо ва достонхо» и «Ошики бахор» в которых были собраны лучшие сочинения поэта.
Одной из сторон творчества поэта была критическая сатира. В таких стихах поэт критикует лодырей, мошенников и расхитителей общественной собственности. С. Вализаде сочинил множество содержательных стихов на тему пропаганды идеи мира, свободы, и честного труда на благо родины, заимев в таджикской литературе своё особое место.
С целью увековечения имени поэта, в Кулябе один из театров, один из густонаселённых кварталов, а также культурно-развлекательный парк названы именем Саидали Вализаде.

Из истории основания музея литературоведов Хатлона имени С.Вализаде
По предположения бывшего Управления культуры Кулябской области в 1980 году возник вопрос о создании Дома-музея народного певца и поэта имени Сайдали Вализаде в его доме как филиал областного историко-краеведческого музея. 20 мая того же года Дом-музей начал свою деятельность. Первым директором и основателем этого Дома-музея является бывшая работница Академии науки республики Таджикистан Холова Масъудахон Хамидовна.
По воспоминаниям самой Холовой М.Х. в 1980 году после переезда её семьи в Куляб, ей предложили, возглавит создании экспозиции Дом-музея поэта. До этого времени в областном историко-краеведческом музее, которая располагалась рядом с мавзолеем Мир Сайид Али Хамадани, имелась отдельный зал, повещенная жизни и творчеству Сайдали Вализаде. В дальнейшем эти экспонаты составили основную часть экспозиции Дома-музея. Источником экспозиции составляла имущество, которую поэт нажил за свою жизнь, одежда, книги, посуда, рукописи, неоконченные стихи, фотографии, воспоминание друзей, родственников, земляков и коллег поэта. Весомый вклад в создание Дома-музея внесли брат поэта бобо Джабор и тогдашний охранник музея бобо Акобир.
В 1981 году после посещения музея со стороны первого секретаря Компартии Кулябской области Салохуддина Хасанова созидательные работы в Доме-музее поэта обрели более широкий размах. При поддержке Министерства культуры и художественного Фонда республики Дом-музей был обеспечен необходимым музейным инвентарём. В этот же период был обновлен виноградник, построен хауз, ворота с резьбой построенные умельцами комбината бытового обслуживания (начальник Мирзоев Суннат Боронович).
С 2006 года, в канун празднования 2700- летия Куляба Дом-музей вошёл в состав Государственного учреждения «Кулябского республиканского музейного комплекса». После проведения капремонта к имеющимся комнатам прибавилось актовый зал и рабочий кабинет. Велик вклад дочери поэта, Хасият Вализаде в популяризации имени отца, которая долгое время руководила этим заведением.
В 2020 году решением коллегии Министерство культуры Республики Таджикистан, н а базе Дома-музея народного певца поэта имени Сайдали Вализаде быль основан Музей литературоведов Хатлона имени С.Вализаде

ШЕЪРҲО

ДЕҲҚОНИ ҶАВРДИДА
Дареғ аз меҳнати зорам, бутун дар зери борон шуд!
Бисӯзад хонаи золим, зи ҷавраш дида гирён шуд!
Агар дорға маро пурсад, ҷавоб додан ба ӯ мушкил,
Муқарар ӯ ҳаме гӯяд: чаро ин мӯҳр вайрон шуд?
Чӣ афзун кардаам меҳнат, бисӯхтӣ ҳосили корам,
Кунад ярғу саги золим, надорам пул, ки биспорам.
Дар ин хирман чизе бошад, гирад амлок дар ушраш,
Хазон гардид зи нодорӣ ҳаёту бахту рӯзгорам!
Аз ин зулми ситамкорон умед аз зиндагӣ кандам,
Ба ин ҳоли табоҳ бар занҷири зулму ситам бандам!
Ба муздурӣ равам аз дасти кӯтаҳ сӯи Фарғона,

«ЛЕНИН БАРОДАР РАҲНАМО»
Бар ҳукумати мо офарин,
Дар шашяки рӯи замин.
Кард мулки моро нозанин,
Ленин бародар раҳнамо.
Ҳукуматро Ленин зӯр кард,
Золимро аз мулк дур кард.
Мулкро ҳама пурнур кард
Ленин бародар раҳнамо.
Домони ҳиммат бар задааст,
Бунёди зулм аз бех задаст,
Николая барҳам задаст
Ленин бародар раҳнамо.
Ленин ба мо дилдор шуд,
Бар камбағалҳо ёр шуд,
Золим ҳама ҷо хор шуд,
Ленин бародар раҳнамо.
Шалпаи поҳо дар садо,
Аэропланҳо дар ҳаво,
Душман ҳама дар зери по,
Ленин бародар раҳнамо.
Сентябри слои 1922

ИДИ АРМИЯИ СУРХ
Баҳори кишвари мо дар ҷаҳон фасли намоён шуд,
Зи иди аскарони мо Ватан беҳтар дурахшон шуд.
Нигар дар иди ин дӯстон гулу гулзор мерақсад,
Садои хониши булбул фузун дар ин гулистон шуд.
Биё гир созро дар даст, эй ҳамрози санъаткор,
Ҳавои шодиро сар кун, ки иди қахрамон шуд!
Ту медонӣ дар он соли ҳазору нӯҳсаду ҳабдаҳ,
Зи зарби сахти инҳо тахтк тоҷи шоҳ вайрон шуд.
Ҳар он хасме, ки зидди мо ҳуҷум овард баъд аз он,
Зи шамшери далерон тӯда-тӯда хасм беҷон шуд.
Чи хуш дар гирди кишвар зидди душман аскарони сурх,
Нигаҳбонанду тинҷии Ватан аз посбон шуд
Бувад ин лашкари мо кордону қаҳрамони мо,
Ки аз зарби бузургаш душман аз ин ҷо гурезон шуд.
Ҳаменозему мефахрем бо ин лашкари худ мо,
Ки ӯ ёридиҳу озодибахши насли инсон шуд.
Феврали соли 1943

                      Саломи Тољикистон

Салом, азиз Москва,
Туї ба мамлакат ќувва.
Ќарори ќасри ќоимат
Ба нафъи халќњои мост.
Зи илми ту бишуд Ватан
Ба зебу хуб чун чаман.
Ба халќи пеш Партия,
Зи баски ёру рањнамост.
Њукумати Советї, бин,
Зи фатњу нусрати навин
Ба соли ними сад расид,
Аз он њаёти бобаќост.
Зи бозуи тавонгарат
Чу кишварони дилбарат,
Диёри тољикон шукуфт,
Халоиќаш зи ту ризост.
Ш.Кўлоб, 8-августи соли 1967

АЗ ЉАБРИ ЗУЛМ
Дар замони подшоњї халќи мањзун мегирист,
Балки кўњу кони лаълу бањру њомун мегирист.
Дар тани ќарзи падар аз камбаѓал духтар ба њукм,
Рўзу шаб дар хизмати золими ќорун мегирист.
Нављавон аз одати пурзањру пурмакри замон,
Ошиќи духтар, ки мешуд, мисли Маљнун мегирист
Њамчун ошиќ зору њайрон маъшуќи бечора њам,
Бењуќуќ даргири ѓам аз бахти бад хун мегирист.
Мардикори зери дасти бой медидам ба чашм,
Музди мењнат кам, ки буд, аз љабри ќонун мегирист.
Ними беши ѓалла њам мерафт дар ушри амир,
Бенаво соњиби кишт, аз зулми афзун мегирифт.
ш.Кўлоб, июли соли 1966

ВАТАН
Эй Ватан, аз таҳти дил бар ту итоат мекунем,
Ҳам туро то ҷон дорем, нағз ҳурмат мекунем.
Лозим оям ҷони худро медиҳем дар ҳифзи ту,
Модари моён ки ҳастӣ, бар ту хизмат мекунем.
Гар ки ҳастӣ гулшани озодаи пур аз гуҳар,
Беҳтар аз ин боғи ҳуснатро зи ғайрат мекунем.
Мо намемонем, ки як дам дар ҷаҳон гардӣ хиҷил,
З-он ки дар оғӯши гармат истироҳат мекунем.
Хар плонеро, ки давлат медиҳад созем қабул,
Баҳри иҷрои зиёдаш зуд ҳаракат мекунем
Мо ки хастем доимо машғул дар мкайдони кор,
Хасми шуматро ҳалок бо зӯри меҳнат мекунем! Июли соли1947

ГУЛИСТОНИ ТОЉИК
Тамошо кун ту, эй њамдам, дурахшон Тољикистон шуд,
Бањори пур зи нуру боѓу бўстон Тољикистон шуд.
Дар ин даврони зебоии дурахшону њаёти хуш,
Макони љовидони бахти ёрон Тољикистон шуд.
Зи мањсули фањрабахши нињоли нахтаи зоти,
Њузури љони дўстони ѓазалхон Тољикистон шуд.
Зи мењнат, зидди он даври ќадими пур ѓаму ѓурбат,
Сайёгатњои дилфори азизон Тољикистон шуд.
Аз ин љўйњои пурњоби равони давраи шодї,
Гулистони ба зеби андалебон Тољикистон шуд.
Назар њар сў њамесозем, мебинем дар ин дам,
Њаќиќї хонаи ганљи фаровон Тољикистон шуд.
Кўлоб, Ноябри соли 1949

ДАР ВАСФИ КӮЛОБ
Бошад туро муборак, э шаҳри сабзи Кӯлоб,
Дар давраи советӣ ин шуълаи ҷаҳонтоб!
Дар он замони собиқ обат зи буғма талх буд,
Соҳиб шудӣ ту имрӯз ба чашмаҳои қандоб.
Ин кӯчаҳои худро бингар, ки шуд бо план,
Зебо шудию дилбар монандаи гулистон.
Чун лола рангу бӯят гардид зи меҳнати мо,
Имрӯз дар назарҳо хуштарҳию дурахшон.
Дар давраи совети бишкуфтӣ, эй вилоят,
Мо дар канори гармат ҳосил гирем зи меҳнат.
Зиёда аз ҳамин ҳам хоҳем ки дурахшӣ,
Хазон набинӣ, Доим роҳатба мо бубахшӣ!
Май соли 1940

ВАСФИ ХОВАЛИНГ
Ёри мењмон,бин,хушо ѓамхор дорад Ховалинг
Номи неки Восеъро такрор дорад Ховалинг.
Инчунин дар пеши њар як хонадони халќи хеш,
Чашмањои љории дилфор дорад Ховалинг.
Як тараф аз Ќалъаи Мискин хушо то Гулљаро,
Себнињоли Мичурини ёр дорад Ховалинг.
Як тараф аз оби равшан то бари Айлодара,
Боѓи себи Ќосими саркор дорад Ховалинг.
Дар бањори бехазони файзбори дилнишин,
Булбулони ошиќи гулзор дорад Ховалинг.
Хамчун сањни сояњои дилкушои чилчанор,
Сањнањо дар њар тараф бисьёр дорад Ховалинг.
Дар замони тира ин љо кас намедид роњи соз,
Дар замони мо роњи њамвор дорад Ховалинг.
Аз барои киштукори тобеи совхози худ
Ќобилони содиќи тайёр дорад Ховалинг.
Ман на танњо халќ мегуяд ба сад шавќу њавас
Лоиќи тавсиф дар ашъор дорад Њовалинг.
Кўлоб, декабри соли 1966

МАН ОШИЌИ ФАСЛИ БАЊОР
Бишнав зи ман њали сухан,
Дар санаи боѓи ватан,
Аз кўдакї бо љону тан,
Ман ошиќи фасли бањор.
З он ки бањор бахшад самар,
Ба халќи олам сар ба сар,
Аз ин сабаб дар ин асар,
Ман ошиќи фасли бањор.
Рўзе чароѓи пурфишон,
Мављуд бишуд андар љањон,
Парвона шуд ошиќ ба он
Ман ошиќи фасли бањор.
Гул ошиќи кокул бувад,
Ошиќ ба гул булбул бувад,
Њар як ба як машѓул бувад,
Ман ошиќи фасли бањор.
Ошиќ бувад андар назар,
Баъзе ба молу симу зар,
Баъзе ба савдои дигар,
Ман ошиќи фасли бањор.
Кўлоб Марти соли 1941

ОЯНДАИ ДАНЃАРА
Ман шунидам кор нав додар намоён мешавад,
Аз паи шодї ба шодї дучандон мешавад.
Инжинери кордоне дар сухан гуфто ба ман,
Данѓара гулзори шарќи Тољикистон мешавад.
Чун ки мегирад ба наздик бањра аз дарёи Вахш,
Обшори доимї монанди Ёвон мешавад.
Тоба рўи маркази райони тинљу тобеаш,
Равшании ГЭС и Норак партавафшон мешавад.
Як тараф аз Саргазонто пеши Корези барам,
Аз љубори оби тунел боѓу бўстон мешавад.
Аз барои пешрафти Тољикистони азиз
Пахтазори зарнисораш дашти Булён мешавад.
Кўлоб, майи соли 1958

АШЪОРИ ҲАҶВӢ

ДУРӮЯ
Эй љон раису рањбари колхоз, шав, њушёр,
Аз макри дуруя ту мудом бош хабардор.
Аз фитнаи ў њазар кун пеши рањаш дор,
Зеро ки бувад душмани ѓаддор дурўя.
Онг бешарафи шуми палид кор надорад,
Ѓайр аз зарару фитнагарї кор надорад.
Парвои њаёту гулу гулзор надорад,
Душман ба њаёту гулу гулзор дурўя.
Дар косаи пурнеъмати мо гар битавонад,
Чуни ори сияњ ояду ў зањр чаконад.
Зањраш, ки расид, сўи ќафо худ бикашонад,
Донї ту агар њамнафаси мори дурўя.
Кўлоб, октябри соли 1949

ПРОРАБИ ФИРЕБГАР
Бишнав зи ман, эй љўраљон,
Аз рафти кори сохтмон,
Омад ба кор як прораб,
Дар хизмати совхози мо.
Бар толиби кори њисоб,
Гардид рафиќ, нўшид шароб.
Аз њимматаш ин љо бутун
Фавран њисобчї шудр изо.
Рўзи дигар нањси музир,
Дуздид аќли бригадир.
Бо бригадири сохтмон
Гапро пазонид дар бино.
Гар хонае аз нав шавад,
Бар вай њазор сўм сарф шавад,
Ин менависад барзиёд
Аз хотири нафси бало.
Дар ин дами осудагї
Ин дузди камтар хондагї
Дорад мудом кайфи баланд
Аз пули шифру тахтањо.
Тафтишгари корњо Сафар
Ин љо намесозад назар.
Мумкин худаш бошад шарик
Бо се нафар дар хонањо.
Августи соли 1963

АЗ КУҶО ЁФТИ?
Маро мепурсї ки туфли пора аз куљо ёфти?
Ба сар тоќии чусти хушнаморо аз куљо ёфти?
Ту худ гапзан, ки бо панљоњ сўму панљ нафар нонхўр,
Ба ин шаш хона шифру тањхонањоро аз куљо ёфти?
Ба њар як хонаат ин гарнитури хубу ќолинњо
Харидї, пули беранљу љафоро аз куљо ёфти?
Барои кўчагардию тамошои лаби дарё
Бигу :»ин Волга»-и ќиматбањоро аз куљо ёфти?
Аниќ ё аз падар дорї ба худ пинњонї ганљина,
Набошад, ин ќадар моли баљоро аз куљо ёфти?

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top