Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ шуд

Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мирбек Мамбеталиев баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба баргузории ҳамоишу форумҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамкории ду давлат дар бахши фарҳанг дар оянда тавсеа дода мешавад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top