
Дар доираи нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илму адаб- шоирон, нависандагон ва пажуҳишгарони ин давлати дӯсту бародар ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Меҳмононро дар саҳни бинои муассиса директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба ин ниҳоди илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Сипас, аз ҷониби корманди муассиса барои меҳмонон сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири бостоншиносию давраҳои пурифтихори таърихи пурғановати халқи тоҷик ва мероси таърихию фарҳангии бою рангине, ки робитаҳои бисёрҳазорсолаи ду давлатро намоиш медиҳанд, аз наздик шинос шуданд.

